Ба гузориши агентҳои ABNA, Александр Лукашенко, раисиҷумҳури Беларус дар сӯҳбат бо шабакаи Ал-Арабия таъкид кард, ки режими сиёнистӣ бояд бештар эҳтиёт бошад. Онҳо амалан дар миёни ҷомеаи байналмилалӣ ба сабаби куштори осоиштагон дар Ғазза мавқеи бисёр баде гирифтаанд.
Вай илова кард: Ин воқеот бисёре аз одамонро водор сохта, ки дар бораи таърих андеша кунанд ва ба хулосае бирасанд, ки кадом Ҳолокост рух додааст?! Чӣ гуна мо метавонем дар бораи Ҳолокости, ки исроилиён ҳамеша дар бораи он сухан гуфтаанд, сӯҳбат кунем, дар ҳоле ки ин қадар одамон, бахусус занон ва кӯдаконро ба қатл расондаанд? Онҳо ҳама чизро аз рӯи замин маҳв кардаанд ва қасд доранд, ки болои устухонҳои одамон ҷойи тафреҳ бунёд кунанд. Ин комилан беҳуда аст.
Лукашенко изҳор дошт, ки ҳар ҷанг метавонад оқибатҳои пешбининашуда дошта бошад, ки пешгӯии он дар замони сулҳ душвор аст. Амалҳои режими сиёнистӣ дар Ғазза Ҳолокости воқеӣ аст. Ҷаҳониён дар ҳоле аз Ҳолокост сухан мегуфтанд, ки фаромӯш кардаанд, ки сиёнистҳо даст ба куштори одамони бегуноҳ мезананд.
Your Comment